Фатҳулло Фатҳуллоев тимашро иваз кард: ӯ акнун дар Суперлигаи Ҳиндустон бозӣ мекунад

© ФФТПолузащитник национальной сборной Таджикистана Фатхулло Фатхуллоев
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Фатхулло Фатхуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фатҳулло Фатҳуллоев, ниммуҳофизатгари 30 солаи тими миллии Тоҷикистон тими “Хуҷанд”-и Хуҷандро тарк кард

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи бошгоҳи “Хуҷанд” Фатҳулло Фатҳуллоев корномаи варзишиашро дар Суперлигаи Ҳиндустон идома медиҳад.

Известный таджикский футболист, вратарь ФК Истиклол Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон
Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Ба иттилои манбаъ, Фатҳулло Фатҳуллоев бо дастаи наваш “Ченнайин”-и шартномаи нимсола ба имзо расонидааст.

Ин бозигари шинохтаи тоҷик зимни суҳбат бо сомонаи бошгоҳи “Ченнайин” гуфтааст, ки аз таърихи бошгоҳ хуб огоҳ аст ва ҳатто ин мавсим якчанд бозии ин дастаро тамошо намудааст.

“ Ин яке аз беҳтарин дастаҳои Ҳидустон мебошад, ки мухлисони зиёд дорад. Вақте, ки даста ба ман пешниҳоди шартнома кард, ман бе хулоса баровардан пешниҳодашро қабул кардам. Ман аз вохӯрӣ бо ҳамдастаҳои нави худ шодам ва умедворам, ки мо метавонем барои унвони қаҳрамонии мавсими нави Суперлигаи Ҳиндустон мубориза барем”, - гуфтааст Фатҳуллоев.

Гуфта мешавад, Фатҳуллоев дар ҳайати "Хуҷанд" аз оғози мавсим омада, 5 гол задаву 8 партофи головар кардааст.

Фатҳулло Фатҳуллоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда, қаблан дар дастаҳои “Истиқлол”, “Бухоро”, ва ахиран дар “Хуҷанд” бозӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0