ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ният дорад, қарори тасдиқи Садир Жопаровро ба мақоми сарвазирӣ ба парлумон баргардонад, менависад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти президент.
Тибқи Конститутсияи Қирғизистон, Президенти кишвар бояд дар муддати се рӯз фармонеро дар бораи таъин кардани сарвазир ва аъзоёни боқимондаи ҳукуматӣ имзо кунад ва ё санадро бо эътироз ба парлумон баргардонад.
Меъёри мушобеҳ дар қисми 5 моддаи 25 Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президент ва вакилони Жогорку Кенеш" пешбинӣ шудааст.
Жээнбеков аз мушкили бузурге гуфт, ки имрӯзҳо ӯро азият медиҳад
Парлумони Қирғизистон, 10 октябр Жопаровро ба вазифаи сарвазир тасдиқ кард. Аз он вақт то инҷониб қарори мазкур мавриди баррасии васеъи мардум қарор гирифтааст. Зимнан, дурустии такя задани Жорпаров ба курсии сарвазирӣ, шубҳа қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар фавран пас аз интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр оғоз ёфт.
Ҳизбҳо, ки аз натиҷаи овоздиҳӣ норозӣ буданд, ба натиҷаҳои интихобот мухолифат карданд ва дар Бишкек даст ба эътирозҳо заданд.
Жээнбеков дар робита ба ташанниҷ шудани авзоъ дар кишвараш ҳолати ҳарбӣ эълон кард ва он то 19 октябр давом меёбад.