Як троллейбус–250 ҳазор $: қарори раиси Душанбе барои хариди 100 троллейбуcи белорусӣ

© Sputnik / Амир ИсаевВ салоне троллейбуса, архивное фото
В салоне троллейбуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Душанбе мегӯяд, ҳамчунин нияти харидории 300 адад автобусҳои муосир, аз ҷумла автобусҳои дуқабатаро дар нақша дорад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.  Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, то охири соли равон дар хатсайрҳои  пойтахт боз 100 адад троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки истеҳсоли  ширкати “Белкоммунмаш”-и Беларус мебошанд, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе ронандаҳоро ба кор даъват кард

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, айни замон 60 адад троллейбусҳои муосир  ба  шаҳр ворид гардида, моҳи декабри соли равон дастрасии 40 адади дигари он пешбинӣ шудааст.

“Ин троллейбусҳои муосир бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Онҳо аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёд доранд. Мусофиркаши мазкур  бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи неруи барқ мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ неруи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд”, - хабар дод “Ховар” аз қавли шаҳрдории Душанбе.

Манбаъ таъкид кард, ки арзиши як адад чунин троллейбус қариб 250 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил медиҳад.

“Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборатанд, ки барои фаъолияти ронандагон мувофиқ мебошанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0