Падар фавтиду писари 18 - солааш захмӣ: дар Данғара трактор ба ҷарӣ сарозер шуд

© МВД ТаджикистанаПеревернувшийся трактор
Перевернувшийся трактор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари чаппа шудани трактор ба ҷарии 50 - 60 метр дар ноҳияи Данғара, ронанда - падари 56 - сола ҷон бохту фарзанди ӯ сахт маҷрӯҳ шуд

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Вазрати умури дохилаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 11-уми октябр, тахминан соати 22:00 дар роҳи автомобилгарди "Темурмалик - Данғара" рух дода, як хонаводаи маҳаллиро ғамзада кард.

"Ронандаи трактори тамғаи "ЮМЗ", бе рақами қайди давлатӣ, Наботов Маҳмадшарифи 56 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Темурмалик-Данғара", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар чуқурии 50-60 метр чаппа кардааст", таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин мусофираш, фарзанди 18 - солаи ӯ, Наботов Муҳаммад Маҳмадшарифович ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0