Интихоботи президенти Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор гардид. Барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ 5 номзад аз аҳзоби гуногуни кишвар вориди ақобат шуданд.
Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи интихобот аз соати 06:00 оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон дар умум 3 375 ҳавзаҳои интихоботӣ фаъол шуда, инчунин дар 29 кишвари хориҷӣ низ нуқтаҳои раъйдиҳӣ кушода шуданд.
Тибқи натиҷаҳои пешакии Комиссияи марказии интихобот, иштироки интихобкунандагон 85,3 фоизро ташкил дода, дар маҷмӯъ 4.221.076 миллион сокини Тоҷикистон барои овоздиҳӣ ба президент омадаанд.
Чаро Усмонзодаро ба интихобот роҳ надоданд? шарҳи Худоёрзода ҳангоми эълони натиҷаҳо
Президенти кунунии Тоҷикистон Эмамоли Раҳмон дар интихобот бо бартарии бузург пирӯз шуд.
Зиёда аз 3,8 миллион шаҳрвандон изҳори хоҳиш карданд, ки ӯро барои ҳафт соли оянда президенти кишвар бинанд.