Лоиқов президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМастер восточных единоборств в стойке
Мастер восточных единоборств в стойке  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе конфронси ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Нурулло Лоиқов дигарбора ба курсии президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон такя зад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд

Ба иттилои манбаъ, интихоби дигарбораи Лоиқов дар ҷараёни конфронси ҳисоботию интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон сурат гирифт.

Ин конфронс бо ҳузури котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров доир гардид.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков

Манбаъ меафзояд, дар рафти конфронс, ноиби президенти Федератсияи ҷудо Парвиз Нориён аз фаъолияти федератсия дар давраи солҳои 2017-2020 ҳисобот дод.

"Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки амалӣ шуд, "Ҷудо дар мактаб" мебошад. Дар доираи ин лоиҳа 10 мактаби ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татамӣ ва либоси варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 50 наврас ба ҷудо машғул гардад", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дастоварди варзишгарони намуди ҷудо дар чорсолаи охир назаррас аст ва муҳимтарини онҳо медали тиллои Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 мебошад.

Лентаи хабарҳо
0