Боздошти Рустамхуҷа, бародари Баҳром Азаматов, корманди баландмақоми БДА-и Суғд

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи рухдоди садамаи фоҷиабори болои купрук ё “пули куҳна”и Хуҷанд Рустамхуҷа, бародари Баҳром Азаматов масъули Бозрасии давлатии автомобилии Суғд боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Манобеъ аз сохтори интизомии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мақомоти тафтишотӣ дар пайи рухдоди садамаи фоҷиабор дар болои пули Сирдарёи Хуҷанд, Азаматови хурдиро боздошт кардаанд.

“Рустам Азаматов, рӯзи гузашта дастгир шудааст ва нисбати ӯ бо моддаҳои 212 қисми 2, (вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гаштааст) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Қарор аст, мурофияи додгоҳии ӯ имрӯз дар суди Хуҷанд доир шавад”, иттилоъ дод манбаъ.

Рустамхуҷа Азаматов, сокини 23 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ бародари Баҳром Азаматов, масъули додани рақамҳои давлатӣ барои восиатҳои нақлиёт дар БДА Суғд мебошад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: мошини ҳомили 6 узви оилаи Чаққоновҳо чаппа шуд-видео

Шаби 3 октябр тахминан соати 22: 30 дақиқа дар рӯи купруки куҳнаи болои Сирдарё дар Хуҷанд садамаи фоҷиаборе рух дод, ки дар пайи он Акбар Ғаффорзода, корманди 32 солаи шуъбаи кофтукоби ҷиноии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тавре мақомоти РВКД ба расонаҳо иттилоъ доданд, ин ҳодиса бо сабаби ба самти муқобили ҳаракат баромадани мошини тамғаи Mersedes GL ҷип, рақамаш 01 74, ки ба Баҳром Азаматов, масъули БДА Суғд тааллуқ дорад рух додааст.

Бино ба гуфти мақомот ҳодиса тавре рух додааст, ки ронандаи мошини Mersedes GL бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат баромада бо мошини корманди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бар хурдааст, ки дар натиҷа аз сабаби ҷароҳатҳои зиёд, Акбар Ғаффорзода дар ҷои ҳодиса ба ҳолат расидааст.

Баъзе аз шоҳидони ҳодиса иброз намудаанд, ки суръати ҳаракати мошини корманди БДА Суғд ба дараҷае баланд буд, ки ба ҷуз мошини корманди ШВКД Хуҷанд, боз ду мошини тамғаи “Mersedess” ва “Nexia” осеб дида, мусофирони дохили он ҷароҳат бардоштаанд.

Даргузашти сардори нозироти андози ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ

Бар пояи маълумоти БДА дар моҳи сентябри соли 2020 дар ҳудуди роҳҳои вилояти Суғд, 31 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи рухдоди чунин ҳодисаҳои мудҳиш 19 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0