Худ бубинед: интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - видео

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир гардид. Мардуми ин кишвар барои ҳафт соли оянда раҳбари давлатро интихоб карданд

Ҳамагирии коронавирус ба баргузории интихобот таъсири худро расонид.

Бо дарназардошти вазъияти ҳамагирӣ ҳамаи ҳавзаҳои овоздиҳӣ дар маконҳои фарох ҷойгир шуда буданд. Ба ҳамин хотир шаҳрвандон тавонистанд бе мамоният фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамаи қавонини беҳдоштӣ дар замони овоздиҳӣ риоя шудааст. Мардум бо ниқоб ва дастпӯшак вориди ҳавзаҳои интихоботӣ мешаванд, онҳое, ҳам ки ниқоб надоранд, аз ҷониби комиссияи интихоботӣ бо ин ашёи ҳифозатӣ таъмин мешаванд.

Дар дари даромад ҳарорати бадани овоздиҳандагон санҷида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир шуд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуда? бори панҷум дар интихобот пирӯз шуд.

Лентаи хабарҳо
0