Ин дафъа шиносномаи сурх надод: Раҳмон бо кадом ҳуҷҷат ба интихобот омаду чӣ гуфт?-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат дар интихоботи президентӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат дар интихоботи президентӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии гузашта шиносномаи ранги сурхашро пешниҳод карда буду ин дар шабакаҳо боиси баҳс гардид, дар интихоботи президентӣ ҳуҷҷати дигар пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бар асоси гузориши аксии котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаи овоздиҳӣ шаҳодатномаи президенти Тоҷикистонро пешниҳод намудаст.

Раҳмон дар маҳаллаи зисташ, дар участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ рақами 2 овоз дод. Ӯ бо хабарнигорон суҳбат накард, танҳо бо масъулини нуқтаи овоздиҳӣ суҳбати кӯтоҳе дар бораи иштироки раъйдиҳандагон анҷом дода, аз рӯзи хуб дар кишвар тавсиф кардааст.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон в день выборов Таджикистана
Ин дафъа шиносномаи сурх надод: Раҳмон бо кадом ҳуҷҷат ба интихобот омаду чӣ гуфт?-акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Рахмон в день выборов Таджикистана

Таваҷҷуҳ ба ҳуҷҷатҳои раисиҷумҳур дар ҳолест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тайи солҳои охир бар асоси қарори Ҳукумат вазифадор шуданд, шиносномаҳои сурхи намунаи соли 1996-ро бо шиносномаи пластикии намунаи соли 2014 иваз кунанд.

Нуқта дар баҳси шиносномаи сурхи Раҳмон: куҳна набудааст-акс

Нашри аксҳои раисиҷумҳур бо шиносномаи сурх дар инихоботи парлумонии гузашта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гумонҳоеро барангехт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз шиносномаи намунаи куҳнаи соли 1996-ро дорад. Аммо маълум шуд, ки шиносномаи раисиҷумҳур на куҳна, балки навъи дипломатӣ будааст.

Лентаи хабарҳо
0