Зокирзода: участкаҳои интихоботӣ дар ҳамаи минтақаҳо омодаанд

Обуна шудан
Айни замон участкаҳои интихоботӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд, изҳор дошт раиси Маҷлиси намояндагон

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ин нуктаро раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода дар рафти мулоқот бо нозирони байналмилалӣ изҳор дошт.

Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии деҳоти дурдасти ВМКБ ба интихоботи президентӣ

Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад, мулоқоти раиси маҷлис Маҳмадтоир Зокирзода бо гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз, 10 октябр, як рӯз пештар аз баргузории интихоботи президентӣ дар кишвар доир гардид.

Мулоқоти ҷониби нозиронро Олег Мелниченко роҳбарӣ мекард.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои пешазинтихоботӣ, баробарии имкониятҳои таблиғотии ҳизбҳо, истифодаи васоити иттилоотии давлатӣ, раванди корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории чорабинии муҳими сиёсиро баррасӣ карданд.

"Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки айни замон участкаҳои интихоботӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд", - менависад манбаъ.

Бино ба маълмоти Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсӣ (КМИР) то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони баӣналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мстақил, Созмони Ҳамкории Шанхаӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон  ва якчанд сафоратхонаҳои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шудаанд.

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0