ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода қайд кардааст, ки захоири мавҷуди арзҳои хориҷӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба манзури воридоти гандум, равған ва дору аз хориҷ пардохти вомҳои ин кишвар истифода мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи Тоҷикпресс.
Раиси Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон ин аст, ки вобастагӣ ба доллар коҳиш ёбад ва муомилоти молӣ дар бозори дохилии ин кишвар ба сомонӣ анҷом шавад, ба ин манзур барномаи вижае иҷроӣ шуд, ки муомилоти долларро коҳиш дод.
Нурмуҳаммадзода афзуд, агар 5 сол қабл рӯзона дар Тоҷикистон то 25 миллион доллар хариду фурӯш мешуд, акнун ин шохис ба 4 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, нигаҳдории арзҳои хориҷӣ дар хонаҳо мӯҷиби равнақи бозори сиёҳи муомилоти арзӣ мешавад, ки бар асоси қавонини ин кишвар муҷозот ба шакли ҷарима ва ҳатто зиндонро дар пай хоҳад дошт.
Коршиносон яке аз иллатҳои беэътимодӣ ба низоми бонкии Тоҷикистонро нотавонии ин марокиз барои бозпардохти супурдҳои муштариён унвон мекунанд, ки солҳост наметавонанд пӯлҳои амонатии мардумро ба арзҳои хориҷӣ баргардонанд.