ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди мағозаи “Гулистон” зани 34-соларо, ки бо мошини рабудааш будааст, дастгир намуданд.
Гуфта шудааст, ки номбурда, шаби 8 ба 9-уми октябри соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа, автомашинаи мусофиркаши Ширкати “Сафар Ориён”, тамғаи “Хонда Элантра”-ро, ки ба марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад ва дар пеши нуқтаи фурӯши “Тезтайёр”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки номбурда дар назди мағозаи “Гулистон”, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.