ДУШАНБЕ, 09 окт – Sputnik. Як манбаъ аз Раёсати андоз дар вилояти Суғд бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармони Нусратулло Давлатзода дар бораи таъйиноти кадрӣ дар нозироти андози ноҳияи Деваштич дар оғози ҳафтаи равон ба имзо расидааст.
“Дар асоси фармони сардори Кумита аз душанбеи 5-уми октябр Комилов Шероз, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич таъйин гардидааст”, гуфт манбаъ.
Комилов дар ин мақоми вазифавӣ Раҷабзода Мунавари Махсудро иваз намуд, ки номбурда санаи 27 сентябри соли ҷорӣ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Деваштич дар роҳи ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.
Дар пайи ин садама Раҷабзода ва ҳамсараш Лайло Маҳмудова ва инчунин худи Давлатов Абдулло Ҳасанович, ронандаи 35 солаи автомашинаи “Дулан”, ки ба “Хундай” и сардори нозироти андози Деваштич бархурдааст дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Шероз Комилов то ин замон дар якчанд шуъбаҳои нозироти андоз фаъолият намудааст. Ӯ чанд вақти охир вазифаи муовини сардори нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич кор кардааст.