Донишҷӯёни Афғонистон аз Бандари Шерхон ба марзи Тоҷикистон гузаштанд

© AP / Rahmat GulАфганский медработник проверяет температуру пассажира в качестве профилактической
Афганский медработник проверяет температуру пассажира в качестве профилактической - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 90 донишҷӯи ин кишвар барои идомаи таҳсил баргаштанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Маркази матбуоти сафорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шурӯъ аз 3 октябр то ба ҳол 92 донишҷӯи афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, иҷозаи вуруд пайдо карда, сари мизи таҳсил нишастанд.

"Ҳайате аз вазорат тавзиф шуд, то раванди бозгашти муҳассилини афғонро ба кишвари Тоҷикистон аз марзи сарҳадӣ мушоҳида намуда, тамоми масойилу рӯйхате, ки қаблан аз ҷониби сифорат тартиб шуда буд, мавриди тавваҷуҳи масъулини сарҳадӣ қарор гирад, то донишҷӯён афғон битавонанд ба сурати нурмол ба хотири идомаи таҳсил аз марз бидуни мушкилӣ убур намоянд. Хушбахтона, аз он рӯз ба ин сӯ теъдоди бузурги муҳассилин аз марзи сарҳадӣ ба кишвари Тоҷикистон бозгаштанд. Ин раванд мутобиқ ба рӯйхат танҳо барои муҳассилин идома дорад", - гуфтанд дар маркази матбуоти сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, дар умум 186 донишҷӯи макотиби олӣ ва устодону афроди унвонҷӯ дар ин рӯйхат шомил ҳастанд ва як теъдоди дигар ҳам дар рӯйхати дигар мунтазири иҷозаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мебошанд.

Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон
"Лутф": Тоҷикистон донишҷӯёни Афғонистонро иҷозаи вуруд додааст

Дар ҳамин ҳол, муҳассилини Афғонистон, бино ба муқаррароте, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон мушаххас шудааст, барои убур аз марз бояд санади тести "вируси корона" ва нусхаи асноди таҳсилиашонро бо худ дошта бошанд.

Маркази матбуоти сафорати Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир донишҷӯён тариқи гузаргоҳи марзии Шерхон Бандар - Панҷи Поён вориди хоки Тоҷикистон мешаванд, аммо метавонанд тариқи Дубай ё дигар шаҳрҳое, ки бо Душанбе парвозҳояшонро ба роҳ мондаанд, низ биёянд.

Тоҷикистон барои довталабони афғон 5 бурсия ҷудо кард

Тибқи иттилои расмӣ, дар умум теъдоди донишҷӯ, магистрант ва докторантҳои Афғонистон ба 450 нафар мерасад, ки аз ин шумора 130 нафар бо бурсияҳои ҳукумати Тоҷикистон, бақия ғайрибурсия – аз ҳисоби худ таҳсил мекунанд.

Аз ин шумора ҳоло 195 нафар мунтазири боз шудани марзҳо ва идомаи таҳсили худ дар Тоҷикистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0