Вазорат: чанд рӯзи ахир касе аз COVID-19 нафавтидааст, аммо 42 ҳолати сироятёбӣ сабт шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки давоми чанд рӯзи охир ягон ҳолати марг бар асари вируси корона дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт шудааст.

Омодагии Тоҷикистон барои интихоботи президентӣ - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи президентӣ дар шароити пандемияи COVID-19 - видео

Манбаъ таъкид кард, ки дар як шабонарӯзи охир 60 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 38 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  тибқи иттилои вазорати тандурустӣ,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  10 ҳазору 97 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар мамлакат беш аз 88,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 78 нафар фавтидаанд. Теъдоди шифоёфтагон мушаххасан 8 ҳазору 914 нафар арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0