Номзадҳо ба президентӣ ва шахсони боэътимоди онҳо ба мардуми ВМКБ чӣ гуфтанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаКонцерт по случаю открытия нового Театра музыки и комедии имени Мехрубона Назарова в Хороге
Концерт по случаю открытия нового Театра музыки и комедии имени Мехрубона Назарова в Хороге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иштирокдорони вохӯрӣ ба номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо барои ба эътибор гирифтани хусусиятҳои хоси ҷуғрофии ВМКБ дар рушди иқтисоди минтақа, дастгирӣ ва андозбандии соҳибкорӣ, музди меҳнат ва нафақа, ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанг пешниҳодҳо манзур намуданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Номзадҳо ба мансаби Президенти  Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон – сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрию суҳбат доир намуданд.

Мулоқоти номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо бо намояндагони сокинони шаҳри Хоруғ дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кӣ пирӯз мешавад? пешгӯии интихоботи президентии Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия

Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Хоруғ,№ 18 Силкабек Одинаев зимни вохӯрӣ номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, шахсони боэътимоди номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шодигул Қонунзода, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Даринг Раҳмон ва аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Зарагул Мирасановаро ба иштирокчиёни вохӯрӣ муаррифӣ намуд.

Номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо иштирокдоронро бо мазмуну мундариҷа ва мақсади барномаҳои пешаинтихоботиашон ба таври мухтасар шинос намудаанд.

"Барномаҳои пешаинтихоботии номзадҳо аз рӯи мазмуну мундариҷа ва мақсадҳо ба таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ҳифзи музаффарияти истиқлол ва бехатарии давлат, рушди босуботи иқтисоди мамлакат, истиқлоли энергетикӣ, озуқаворӣ, коммуникатсионӣ, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум бахшида шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар доираи ин ҳадафҳо номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо оид ба нақшаҳои фаъолияташон баҳри беҳдошти соҳаи кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ дигар паҳлуҳои рушди иқтисод, дар ин замина дастгирӣ ва равнақ додани соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра маълумот додаанд.

Зикр гардид, ки дар меҳвари ҳамаи ин нақшаҳо беҳдошти сатҳи зиндагии мардум тавассути баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, дастгириҳои моддиву молиявии меҳнаткашони мамлакат ва табақаҳои ниёзманди он қарор дорад.

Дар поёни мулоқот иштирокдорони вохӯрӣ ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо барои ба эътибор гирифтани хусусиятҳои хоси ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рушди иқтисоди минтақа, бахусус дастгирӣ ва андозбандии соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ, музди меҳнат ва нафақа, ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанг пешниҳодҳо манзур намудаанд.

Интихоботи президенти Тоҷикистон 2020 дар 1 дақиқа - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи президенти Тоҷикистон – 2020 дар як дақиқа-видео

Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад.

Панҷ номзад дар интихоботи навбатӣ барои курсии президентӣ рақобат мекунанд, ки се нафари онҳо бори аввал ширкат мекунанд.

Сокинони Тоҷикистон бояд байни Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ якеро президент интихоб кунанд.

Интихоботи президентиро нозирон аз ИДМ, САҲА ва СҲШ, инчунин намояндагони Русия ва Узбакистон назорат мекунанд.

Аз ҷумла, ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Русия аз 9 то 12 октябр барои назорат ба Тоҷикистон меояд.

 Гуфта мешавад, ҳайатро муовини раиси кумитаи ИДМ Казбек Тайсаев роҳбарӣ карда, ба он инчунин вакилон Алексей Чепа, Раҳим Азимов ва Дмитрий Савельев шомил хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0