Башор Асад мехоҳад бо Владимир Путин вохӯрад

© Sputnik / Alexei Druzhinin / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин и президент Сирии Башар Асад в кафедральном соборе Пресвятой Богородицы в Дамаске
Президент России Владимир Путин и президент Сирии Башар Асад в кафедральном соборе Пресвятой Богородицы в Дамаске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Сурия Башор Асад гуфт, нақша дорад дар оянда бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вохӯрад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар суҳбат бо РИА Новости аз нақшаи вохӯрӣ бо кишвардори Русия Владимир Путин гуфт.

Дар ҳоли ҳозир раҳбарони ҳар ду кишвар тариқи телефон дар алоқаи доимӣ ҳастанд, гуфт Асад.

"Мо ҳамеша дар алоқа ҳастем - асосан тариқи телефон, ҳар боре, ки ҳодисае рух медиҳад, ё зарурат ба гуфтугӯ ҳаст", - гуфт раҳбари Сурия.

Ба гуфти Асад замони дидор аз вазъи сиёсии Сурия вобаста хоҳад буд. 

Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асад Эрдуғонро саркардаи низоъ дар Қарабоғ медонад

Вале феълан ба далели ҳамагирии коронавирус суҳбат тариқи телефон сурат мегирад.

Ногуфта намонад, ки раҳбарони Русия ва Сурия тадриқан дидору мулоқот доир мекунанд.

Башор Асад гуфтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ бояд аз Сурия хориҷ шаванд

Ҳамин тавр, раҳбари Русия моҳи январи соли равон ба шаҳри Димишқ сафар карда, бо гурӯҳи низомиёни Вазорати дифоъи кишвар ва Башор Асад дидор кард.

Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябр аз оғози  кумаки Русия барои пок кардани хоки Сурия аз террористон, панҷ сол пур шуд.

Лентаи хабарҳо
0