Раҳмон Путинро бо солрӯзаш табрик намуда, вазъи Қирғизистонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время встречи в Кремле перед началом Парада Победы
 Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время встречи в Кремле перед началом Парада Победы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Русия Владимир Путин имрӯз аз 68 - умин солрӯзи худ ҷашн мегирад. Дар ин робита, раисҷумҳурони аксар кишварҳо унвонии Путин номаи шодбошӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар қатори даҳҳо раисҷумҳурон, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамтои русашро бо ҷашни мавлуд таҳният гуфт.

Встреча глав иностранных государств президентом РФ В. Путиным в Кремле - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Кремл: аз дастфишорӣ бо Путин то гулчанбаргузорӣ дар бари Мирзиёев - видео

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон унвонии Владимир Путин мактуби муборакбодӣ фиристод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мактубаш ба ҳамтои руси худ беҳтарин ва самимитарин таманниёт ба муносибати зодрӯзаш орзу намудаст.

Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад: Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик кард

Манбаъ меафзояд, сарони ду давлат муколамаро оид ба роҳҳои рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Русия идома доданд.

"Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба ташаннуҷи ташвишовари вазъ дар Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.
Лентаи хабарҳо
0