ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дишаб дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупову Миёназамин.
Ба иттилои манбаъ, заминларза бо шиддати 4,1 дараҷа соати 2:25 дақиқа ба вақти Душанбе, 7 октябр дар ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ рух додааст.
Макони заминҷунбӣ ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ мешавад. Ларзиши замин дар умқи 107 километр рух додааст.
То ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумот зери даст нест.
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи қаблӣ низ дар шарқи Тоҷикистон, вале аллакай дар наздикии Мурғоб рух дода буд. Шиддати он то Шинҷон-Уйғури Чин эҳсос карда шуд. Он замон қувваи заминларза ба 4,5 - дараҷа баробар шуд.