Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон: танҳо арқом

Обуна шудан
Раиси ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон омодагии комилашонро барои баргузории интихоботи президентии 11 октябр эълон карданд

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр дар назар аст. Феҳрасти овоздиҳандагон дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ таҳия шудааст. Раъйдиҳандагонро имсол инчунин тариқи  паёмакҳо дар бораи интихобот огоҳ хоҳанд кард.

Председатель Партии экономических реформ Рустам Рахматзода (Кудратов) - Sputnik Тоҷикистон
Номзад ба президентӣ, аз тағйири иқтисод то набуди фишорҳо дар маъракаҳои таблиғотӣ гуфт

Барои мақоми президентӣ дар Тоҷикистон панҷ номзад - Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ вориди корзори интихоботӣ шудаанд.

Президент дар Тоҷикистон барои 7 сол интихоб мешавад. Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоранд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал хоҳанд кард.

Барои назорати интихобот 122 нозир аз САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ ва инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон сабти ном шудаанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистонро беш аз 258 рӯзноманигори сабтшуда инъикос хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0