Генерал Бандишоев аз "илтиҳоби шуш" даргузашт: охирин паёми генерал

Обуна шудан
Генерал-майор Миллопар Бандишоев, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, дар синни 61 – солагӣ зиндагиро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Яке аз наздикони Миллопар Бандишоев дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ҳудуди даҳ рӯз дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи ахир дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи Душанбе, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” аст, тадовӣ мешуд.

“Маризии он касро пизишкон “илтиҳоби шуш” ташхис дода буданд. Имрӯз пас аз зуҳр ба мо хабар расид, ки генерал ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ин манбаъ.

Бандишоев дар охирин паёмаш дар саҳифаи фейсбукӣ, ки моҳи август дар лавҳаи сиёҳ бо гулу дилҳои сурх нашр кардааст,  "Дар паноҳи Худо бошед" навиштааст.

Бандишозода соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскави Русия аст.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ коршиноси масоили динӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаққиқе, ки бо салафиҳо "меҷангид", вафот кард

Аз соли 1987 то 2007 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, шуруъ аз сармуфаттиш то прокурори шаҳри Конибодом кор кардааст.

Аз соли 2007 ба 2015 дар мақомоти Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифаи сардори Раёсати Ожонс дар вилояти Суғд то муовини раиси Ожонс фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 2011 генерал Бандишоев муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон таъйин шуда буд ва то моҳи феврали соли 2015 дар он мақом адои вазифа кард.

Соли 2015 ӯ дубора ба мақомоти прокуратура баргашт ва то ду соли пеш муовини Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим буд. Соли 2018 муовини прокурори вилояти Хатлон таъйин шуд. Соли 2013 бо фармони Президенти Тоҷикистон рутбаи генерал-майорро ба даст оварда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0