ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Интизор мерафт, имрӯз собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев назди бинои "Медиафорум" пеши ҷонибдоронаш ҳозир шавад ва бо онҳо мулоқот доир кунад.
Аммо Отамбоев дар вақти муқараршуда назди тарафдорони худ ҳозир нашуд.
Зимнан, иллати наомадани Алмосбек Отамбоевро собиқ сарвазири ин кишвар Сипар Исоқов шарҳ дода, изҳор намуд, ки кишвардори пешин мариз аст ва саломатияш ба ӯ имкон надод, то бо ҷонибдорони худ вохӯрад ва мулоқот намояд.
Вазъияти Қирғизистон соат ба соат: сӯхтор дар "Кохи Сафед" ва ҷароҳати 600 тан
Ёдовар мешавем, шоми дирӯз шаҳрвандони норизо аз натоиҷи инитихоботи парлумонӣ то бинои Қасри сафед расиданд ва онро иҳота намуданд.
Ҳамчунин ба онҳо имкон даст дод, то собиқ кишвардор Алмосбек Отамбоевро низ аз бинои КДАМ раҳо кунанд.
Вазъият дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамоно ноором аст, аммо сухангӯи Сооронбой Жээнбеков изҳор доштааст, ки раисҷумҳур вазъиятро зери назорати қатъиӣ худ қарор додааст.