Ханда ва таманниёти тӯёнаи Сурайё Қосимова: "Мисли ман хушбахт бошед" - видео

© Аз саҳифаи Сурайё Қосимова дар ИнстаграмҲунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Примадоннаи тоҷик Сурайё Қосимова дар маросими арӯсии сарояндаи ҷавон Матлуба Қосимова ҳунарнамоӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Матлуба Раҳимова, овозхони ҷавони ансамбли давлатии "Фалак" рӯзи 28 сентябр издивоҷ кард. Арӯсии Матлуба,ки модарзодӣ нобино асту бо ҳунари худ миёни мардум шӯҳрат дорад, дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик, баргузор шуд.

Дар маросими арӯсии овозхони ҷавон ҳунарманди номдори Тоҷикистон, примадоннаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова, ки худ моҳи сентябр хонадор шуд, ҳунарнамоӣ кард.

Ӯ қабл аз овозхонияш Матлубаро бо рӯзи хурсандиаш муборакбод гуфт ва таманно кард, ки "мисли ӯ хушбахт шавад".

"Ҳар як падару модар, ҳамеша хушбахтии фарзандонро мехоҳад. Бигзор ки Матлубаҷони азизи мо ҳамеша номбардори авлод, номбардори падару модар шавад. Хоҳони онам, ки келини нозанин ҳамроҳи домод хушбахт бошанд. Мисли ман хушбахт бошед", - гуфт Сурайё Қосимова бо табассум ва майдони тӯйро бо сурудҳои маъруфаш гарм кард.

Матлуба Раҳимова, соли 1987 дар ноҳияи Ёвон зода шуда, феълан овозхони дастаи “Фалак” мебошад. Ӯ соли 2008 маҳз дар ҷашнвораи "Фалак" бо овозхонияш шинохта шуд ва бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Асадулло Раҳмон, раиси вақти Кумитаи телевизион ва радио ба ӯ хона бо тамоми ҷиҳозро тақдим кард.

Пулод Шаропов - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳаёти ман аст": ҳамсари ҷавони Сурайё Қосимова аз мардум хост, ӯро ба ҳолаш гузоранд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоиро хонадоршавии Сурайё Қосимова бо ҷавони 45-сола Пӯлод Шаропов ба "по" хезонда буд.

Хона доду хароҷоти тӯйро пардохт: туҳфаи Президент ба овозхон Раҳимова-видео

Бархе аз хонаободии сароянда шод шуданду, гурӯҳи дигаре издивоҷи ӯро нобаҳангом хонданд.

Дар ин росто, ҳамсари ҷавони примадоннаи тоҷик, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як навор аз ҳамагон даъват кард, ки ба зиндагии ӯ кордор нашаванд ва ӯро ба ҳолаш гузоранд. Ӯ мегӯяд, ҳар коре, ки анҷом додааст, интихоби ӯст ва ҳеҷ кас ҳаққи муҳокима карданашро надорад.

Лентаи хабарҳо
0