Шарифзода: мардум дар хона то 3 телефон доранду аммо пули барқро пардохтан намехоҳанд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Бохтар хабар додааст, ки дар натиҷаи рейдҳои муштарак , ки чанде пеш дар шаҳр сурат гирифт нисбати 67 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ санад тартиб дода, ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар карда шуд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тавре Аҳлиддин Шарифзода, муовини директори шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид доштааст, бархе оилаҳо дар ин минтақа се-чор телефони мобилиро бе интернет  намонда, ба ҳисоби миёна дусад сомонӣ сарф мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ баҳона мекобанд ва оқибат ягон роҳи ғайриқонуниро “кашф” мекунанд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз камобӣ гуфту барои сарфаи барқ дастур дод

Вай афзудааст, ки ҳоло дар шаҳри Бохтар 23 ҳазор истифодабарандаи неруи барқ мавҷуд аст.

“Ба ин муштариён шабонарӯзӣ хизмат расонда мешавад. Пайваста бо сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Муассиртарин роҳ ин аст, ки дастгоҳҳои барқӣ ва фурӯзонакҳоро  мақсаднок истифода барем ва дар ҳолатҳои нозарур неруи барқро хомӯш кунем. Хуб мешуд, агар дар шароити имрӯза шумораи фурӯзонакҳои канори хиёбонҳо ва саҳни ҳавлиҳоро кам кунанд. Масалан, ҷое, ки се лампа зич ҷойгир шуда бошад, дутоашро истифода накунанд”, – гуфт Аҳлиддин Шарифзода.

Вай афзуд, ки айни замон шаҳри Бохтар дар як шабонарӯз 545 ҳазор киловатт - соат неруи барқ мегирад ва бо вуҷуди вазъи баамаломада, тибқи таҳлилҳо, хароҷоти барқ баръакс зиёд шуда истодааст.

“Мушкил дар он аст, ки тақрибан нисфи муштариён ҳатто рӯзона фурӯзонакҳоро хомӯш намекунанд. Дар баъзе ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ низ чунин вазъ мушоҳида мешавад. Насби чароғакҳои рангоранг дар деворҳо ва саҳни аксар биноҳои баландошёна ва ташкилоту идораҳо низ боиси хароҷоти беҳудаи барқ гардидааст. Дар баъзе ҳолатҳо то соати 8 - 9 - и саҳар ин чароғҳо гирёнанд. Гоҳо маҷбур мешавем, ки ба мутасаддиёни ин корхонаю коргоҳҳо занг зада, хоҳиш кунем, ки чароғҳоро хомӯш кунед”, - қайд кардааст  муовини директори шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар. 

Ҳамзамон ӯ зикр кардааст, ки омили дигар истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии неруи барқ аст.

 

Лентаи хабарҳо
0