Мансабдорони пахтачин: ҷалби 200 корманди мақомоти шаҳри Хуҷанд ба пахтачинӣ

© Foto / Пресс-служба Таджикистана Сбор хлопка в Таджикистане
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони сохторҳои Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 5200 кило пахта ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани хоҷагӣ рехтанд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ахиран зиёда аз 200 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои марбутаи он бо мақсади кӯмак  расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шудаанд.

Пахтачинии раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба пахтазор рафт: ӯ ҳамроҳ бо муаллимону деҳқонҳо пахта чид

Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ҳашарчиён дар заминҳои хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба чиниши пахта машғул шуданд.

Гуфта шудааст, ки роҳбарияти хоҷаги ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид ҳамагон бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем.

“Пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад”, таъкид доштааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0