ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Барои ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳ ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки ҳафтае боз даргириҳо миёни Арманистону Озарбойҷон дар авҷ аст, розигии ҳарду ҷониб лозим аст, гуфт сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков.
"Нерӯҳои посдори сулҳ танҳо дар сурати розигии тарафҳо ворид карда мешаванд", - қайд кард намояндаи расмии президенти Русия.
Пештар сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки мехост нерӯҳои посдори Русияро дар Қарабоғи Кӯҳӣ бубинад. Ӯ афзуд, ки ин масъаларо дар нишасти васеътар дар доираи созишномаи Минск бояд баррасӣ кард.
Масъалаи ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ҳанӯз соли 1994 бархоста буд. Он замон ҷониби Озарбойҷон зидди ин пешниҳод баромад.
Натиҷаи ноамниҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ: манзилҳои харобгаштаи сокинон аз тиру туфанг - акс
Қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ
Даргириӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи 27 сентябр оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии эътирофнашуда изҳор доштанд, ки аз ҷониби қувваҳои Озарбойҷон оташ кушода шуд, ки қурбонӣ дар пай дошт.
Вазорати дифоъи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки танишро ҷониби Арманистон оғоз кард. Низомиёни арманӣ мегӯянд, Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон мушакборон карда шуд.
Русия аз Озарбойҷон ва Арманистон даъват кард, ки ба даргирӣ хотима диҳанд ва паси мизи гуфтушунид нишинанд.
Ҳамин тавр, аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.
Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар оғози даргирӣ гунаҳкор мекунанд.
Дар ин росто, рӯзи 28 сентябр дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.
Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.