https://sputnik.tj/20201004/Dar-Isfara-ba-mablagi-200-hazor-somoni-alomat-ramzii-daromadgoh-sokhta-meshavad-1032015970.html
Дар Исфара ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аломати рамзии даромадгоҳ сохта мешавад
Дар Исфара ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аломати рамзии даромадгоҳ сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад. 04.10.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-10-04T09:40+0500
2020-10-04T09:40+0500
2020-10-04T09:26+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032015930_0:11:1025:590_1920x0_80_0_0_9297e254949bd3c727068b00c4e72262.jpg
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/04/1032015930_0:0:1025:643_1920x0_80_0_0_10c8325d3520e6abd4fcbb2c3eb33420.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, исфара, рамз
иҷтимоъ, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, исфара, рамз
Дар Исфара ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аломати рамзии даромадгоҳ сохта мешавад
баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад.
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр оғоз шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар дод.
Гуфта мешавад, ки арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 200 ҳазор сомониро ташкил дода, он тариқи ҳашари умумӣ сохта мешавад.
"Аломати рамзии даромадгоҳ ба шаҳри Исфара дар шаҳраки Нурафшон, дар чорраҳаи Исфара — Кӯчкак — Хуҷанд ва Исфара — Нурафшон -Конибодом аз масолеҳи оҳанӣ бунёд мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ба гузориши сармеъмори шаҳр Абдумубин Фаттоев баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад.
Раиси Исфара ба Ворух рафт: дар ин минтақаи наздимарзӣ чӣ месозанд?
Худи иншоотро 8 унсури секунҷаи сутунмонанд ташкил намуда, дар баландии дуюним метр дар ҳалқаҳои оҳанин навиштаҷоти "Хуш омадед" ва "Роҳи сафед" бо ҳарфҳои зарҳалӣ насб карда мешаванд. Болотар аз навиштаҷоти мазкур панҷараи дорои нақшу нигори миллӣ насб мегардад, ки он бозгӯи ҳунари волои ҳунармандони Исфара хошад шуд.
Ҳамчунин чароғонкунии ороишии иншоот дар назар дошта шудааст.