ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи мубталоёни коронавируси навъи COVID - 19 ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Бино ба гузориши тозаи Вазорат давоми шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 497 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
"То 4 октябр дар Ӯзбекистон 58 421 кас мубталои коронавируси навъи COVID - 19 шудааст", - омадааст дар гузориши Вазорат.
Давоми 24 соати гузашта дар кишвар се ҳолати фавт аз ин вабои аср ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр аз аввали ҳамагирӣ то кунун 497 кас қурбони коронависрус шудааст.
Қоидаи нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Қазоқистон: бидуни санад манъ аст
Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон шумораи умумии шифоёфтагон аз коронаврирус то 54 854 нафар расид.
Дар баробари ин феълан 2 907 бемор аз COVID-19 табобат мегиранд. Ҳолати 573 –вазнин ва вазъи 252 - ниҳоят ваҳим арзёбӣ мешавад.