ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Украина Петр Порошенкоро бо илтиҳоби ҳар ду тарафи шуш ба бемористон интиқол доданд.
Хабари гирифтор шудани Порошенкоро ба вируси COVID - 19 - ро ҳамсараш Марина Порошенка расонаӣ намуд.
Наворе, ки дар он Марина мубтало шудани ҳамсарашро ба коронавирус таъйид кард, ҳизби "Ҳамбастагии Аврупо" дар сафҳаи Фейсбукӣ нашр намуд.
Ҳамсари содиқ кишвардори Украина изҳор дошт, ки дар баробари Петр Порошенко духтари онҳо низ дардманди коронавирус шудааст.
"Петр Алексеевичро ба яке аз дармонгоҳҳои Киев, ки он ҷо маризони коронавирусро табобат мекунанд, интиқол доданд", - афзудааст Марина.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш ҷиддан тамоми тавсияҳои пизишконро риоя мекунад.