Вазорати тандурустии Исроил расман хабари табобати Рустами Эмомалӣ аз саратонро рад кард

© Сайт мэрии ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд аз ҳамтоёни исроилии худ дар ин кишвар талаб намуданд, ки дурустии хабари нашршуда дар мавриди гӯё аз саратон ҷарроҳӣ шудани раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, дақиқан мавриди санҷиш қарор диҳанд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, расман маълумоти Вазорати тандурустии Исроил бобати гӯё муолиҷа гирифтани раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар "Herzliya Medical Center" аз маризии саратонро нашр намуд.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиат ба пулис: ҷустуҷӯи нафаре, ки дар бораи Рустами Эмомалӣ дурӯғ гуфт

Ба иттилои манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Тошканд аз ҳамтоёни исроилии худ дар ин кишвар дурустии ин хабарро талаб намудаанд.

Зимнан, дипломатҳои исроилӣ иттилоъ доданд, ки Вазорати тандурустии Исроил расман ин хабарро дурӯғи маҳз гуфта, аз пулиси кишвар ва шабакаи иттилоотии Твиттер талаб намудааст, ки пайдоиш ва манбаи хабари мазкурро оҷилан муайян кунанд.

Гузашта аз ин, Мудири бемористони "Herzliya Medical Center" Дани Энгел дар робита ба ин қазия изҳор доштаст, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр намудаанд.

Шарҳи Ҳукумат дар бораи хабари бемории Рустами Эмомалӣ

Вазорати тандурустии Исроил таъкид кардааст, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва ҳисобе, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист.

Ҷаноби Энгел дар сӯҳбат бо МедиаМаркер гуфтааст, бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе шинос нест ва ҳарчӣ ки дар шабакаи иҷтимоии Твиттер аз номи ӯ нашр шудааст, воқеият надорад.

 "Ин аккаунт ҷаълӣ(фейк) аст, ки аз номи ман баромад кардаву роҷеъ ба беморхонаи мо маълумоти ҷаълӣ нашр мекунад. Мо ба маъмурияти Твиттер ва пулис муроҷиат кардем ва умедворем, ки одами созандаи ин аккаунти ҷаълиро зудтар пайдо хоҳанд кард", - афзудаст  Данӣ Энгел.

Ахиран хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли Данӣ Энгел, як масъули бемористон дар Исроил нашр шуда буданд, ки бар асоси он, гӯиё шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон буда, соли 2019 дар Исроил ҷарроҳӣ шуда, табобат ёфтааст.

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар вокуниш ба ин овозаҳо гуфт, Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст ва саломатияш аъло мебошад.

Лентаи хабарҳо
0