Аз ҳавзи таъминоти об дар Душанбе ҷасади одам пайдо шуд

© PxhereМытье рук в чистой воде
Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки аз ҳавзи таъминоти об дар Душанбе ҷасади мард пайдо шудааст

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасад рӯзи 1 октябр пайдо карда шуд.

Страны мира. Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
"Қаҳрамонанд": худкушии наврас ва марги 2 сарбоз дар талоши наҷот

“Субҳи 1 октябри соли 2020  ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбани Рӯдакӣ 172 дар ҳавзи таъминии шабонарӯзии оби шаҳри Душанбе ҷасади як марди номаълум ёфт гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, соати 08:50 дақиқа ҷасадро бароварда ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Таъкид шудааст, ки марҳум марди ба тахмин 40-42-сола буда, шахсияташ маълум нест, чун ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуввият надошт.

Лентаи хабарҳо
0