ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҷиноят 27 сол пеш, рӯзи 23 декабри соли 1993 дар ноҳияи Кӯшониён содир карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия маълум шуд, ки ҷиноятро марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҳаммаслаконаш содир кардааст.
Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо мардони 50, 52, 53 ва 60-солаи сокинони ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон, дар шоҳроҳи мошингарди Бохтар-Душанбе, наздикии деҳаи Бибихуррами ноҳияи Кӯшониён, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросонро дастгир кардааст.
Ба нақли ВКД, мардон ӯро бо мақсади куштан, мудати 27-шабонарӯз бе додани ғизо дар яке аз анборхонаҳои фермаи хукпарварии ноҳияи А.Ҷомӣ нигоҳ доштаанд.
"Номбурда бо мақсади зинда мондан кунҷи дари анборхонаи мазкурро суроғ намуда, аз анборхона фирор карда, аз марг наҷот ёфтааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда ва дигар ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 15 қисми 2, 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.