Рӯҳонӣ: Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Чин дар заминаи тавлиди муштараки ваксини COVID-19 аст

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Хасан Рухани, архивное фото
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурии Эрон дар паёме бо табрики фаро расидани солгарди таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин, омодагии Эрон барои мушорикат бо Чин дар тавлиди ваксинаи COVID-19 хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Ахиран Ҳасан  Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар паёме ба роҳбари Чин Си Ҷинпин бо табрики фаро расидани ҳафтоду якумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин ба давлат ва мардуми ин кишвар навишт, мушорикати ҷомеи роҳбурдии Эрон ва Чин, ки аз иштирокоти фарҳангӣ, пешинаи равобити баландмуддати торихӣ, нигоҳи ду кишвар ба таҳаввулоти байналмилалӣ ва азми пойдори онон дар мубориза бо якҷонибагароӣ сарчашма мегирад, арсаи бузургеро барои тавсеъаи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои гуногун фароҳам кардааст, иттилоъ додааст хабаргузори ИРНА.

Атомная станция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бритониё ва Чин реактори ҳастаии Арокро дар Эрон навсозӣ мекунанд

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳасани Рӯҳонӣ иброз доштааст, ки, ниҳоисозӣ ва имзои  барномаи мушорикати ҷомеи роҳбурдии 25-солаи байни ду кишвар гоме бузург дар ҷиҳати пешбурди манофеъи муштарак ва дар ростои сулҳу суботи байналмилалӣ ва муқобила бо якҷонибагароӣ фароҳам хоҳад кард.

Ҳамзамон, раисҷумҳури Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Теҳрону Пекин дар муқобила бо вируси корона  зикр кардааст, ки Эрон  омодаи ҳамкорӣ бо Чин дар заминаи тавлиди муштараки ваксини COVID-19 аст.

Бояд гуфт, ки 1 октябри соли 1949, Мао Тсзэдун дар як бинои паҳлуи майдони Тянанмен дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин эълон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0