Полковники роҳбару ободкор: муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон даргузашт

Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон аз даргузашти Шамсулло Аббдуллоев, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тавре саҳифаи расмии мақомоти вилояти Хатлон дар Facebook хабар медиҳад, Шамсулло Аббдуллоев, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар синни 47-солагӣ даргузашт.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Мукаррама Қосимова - забоншиноси тоҷик даргузашт

Таъкид шудааст, ки полковник Шамсулло Абдуллозода аз бемории қанд ранҷ мекашид.

"Чанд рӯз пеш қанд дар хунаш якбора баланд шуд, ки боиси маргаш шудааст", - таъкид доштааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки ӯ яке аз нафарони саҳибмансаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки собиқаи беш аз 20-солаи корӣ дошт.

Гуфта шудааст, ӯ солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои гуногуни милитсияи Хатлон ва  берун аз марзи кишвар фаъолият кардааст.

Шамсулло Абдуллозода солҳои охир дар вазифаҳои раҳбарии ВКД кор мекард. Ӯ ба ҳайси муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар влояти Хатлон, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Русия ва муовини сардори РВКД дар Хатлон фаъолият кардааст.

Қайд карда шудааст, ки Шамсулло Аббдуллоев, ба хотири фаъол буданаш дар ободиву шукӯҳи мақомот ӯро Ҳотами той ном карда буданд.

Ҳамзамон зикр шудааст, полковник дар деҳаи "Наврӯз" ва шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ободкориҳои зиёд кардааст.

"Вай чандин корхонаҳои саноатӣ сохтаву садҳо нафарро бо шуғли доимӣ фаро гирифтааст", - иттилоъ додааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0