ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сокини 24 - солаи шаҳри Конибодомро боздошт намуданд, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 сентябр, тахминан соати 00:05-дақиқа, ҷавони 24 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом дар ҳолати мастӣ, бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23 - сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш рафт.
Раҳмон Набиев: парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам - идома
Номбурда аз ҳиссиёти авбошӣ бо падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.
"Гумонбаршаванда ба хонаи истиқоматиаш рафта, бо силоҳи оташфишонии тамғаи "Тула", қутраш 16 - мм мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ як маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ паронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳои №24 ва 52-и кӯчаи Ҳолматов рафтааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28 ва 31 - сола овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча баромаданд, ки дар натиҷа гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ якчанд маротиба ба тарафи онҳо тир холи кардааст.
Гуфта мешавад, нафарони дар боло зикргардида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Фоҷиа: кӯдак тасодуфан бародарашро парронд
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 237 қисми 3 ва 32 қисми 3, 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.