ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ танҳо пас аз бардошта шудани маҳдудиятҳои равуо ба Русия, метавонанд ба таҳсили рӯзона пардозанд, хабар медиҳад Вазорати маорифи ФР.
"Иҷозаи донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсили рӯзона дар ФР аз бардошта шудани маҳдудиятҳои воридшавӣ ба кишвар вобаста аст. Имрӯз маҳдудиятҳои равуо барои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Куреи Ҷанубӣ бардошта шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Вазорат ҳамчунин ёдрас кардааст, ки пештар бо Бритониё, Туркия, Танзания, Швейтсария, Абхазия, Миср, АМА, Ҷумҳурии Молдива ва Осетияи Ҷанубӣ марзҳо боз шуда буданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки донишҷӯёни курси аввал, аз кишварҳои вурудашон боз, метавонанд аз моҳи сентябр ба Русия ворид шаванд.
Ҳамчунин гуфта шуд, беш аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус натавонистанд барои таҳсил ба Русия ворид шаванд.