Ифтитоҳи боз як боғи Исмоили Сомонӣ: Раҳмон барои сокинон боғи навро ба истифода дод

© Пресс-служба президента РТ Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати умумии 1,98 гектар бунёд шудааст.

Гуфта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ ҳанӯз аввали соли равон оғоз гардида, иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.

“Инчунин дар ҳамин боғ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз пайкараи тозабунёди Асосгузори аввалин давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.

Тибқи маълумоти дафтари раисҷумҳур пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо дарназардошти зерибиноаш 5 метрро ташкил дода, он аз ҷониби рассом, ҳайкалтарош Сафарбек Қосимов таҳия шудааст.

Эмомали Рахмон открыл среднюю школу № 96 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

Таъкид гардидааст, ки боғи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам гардидааст.

Ҳамзамон Президенти кишвар аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ноҳия дидан кард.

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар ноҳияи Шаҳринав то истиқболи  ҷашни 30 — солагии Истиқлолият бунёди беш аз 434 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Зикр шудааст, ки то ба имрӯз аллакай 285-тои он мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0