ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Бино ба гузорши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон дар номаи таслият аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ андӯҳгин шудааст.
"Бо реҳлати он ходими шоистаи сиёсиву давлатӣ мо бародари гиромии худро, ки бо хидматҳои бузурги инсондӯстонааш дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гашта буд, аз даст додем", - омадааст дар нома.
Раҳмон афзуда, ки марҳум бо саҳми босазояш дар густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.
"Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум, ба тамоми мардуми бародари Қувайт таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам".
Президенти Тоҷикистон дуо карда, ки "Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун".
Ёдрас мешавем, ки Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт -куҳансолтарин ҳокими араб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар синни 92-солагӣ даргузашт.
Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шуда буд.