Тирамоҳи Русия новобаста аз ҳавои сард, бисёр дилкашу тамошобоб аст. Дар Русия аслан фасли тирамоҳ аз аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад.
Ҳарорати ҳаво аз нахустин моҳи фаслитирамоҳ тадриҷан паст мешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳам, тирамоҳ дар кишвари Русия фасонавӣ аст.
Табиат аз авоили моҳ ранги сабз ва зарду сурхро касб мекунад. Боғу гулгаштҳо симои тамоман навро пайдо мекунанд.
Боронҳои гарм меборанд, роҳравҳои боғу гулгаштҳо пур пури баргҳои зарду сурх мешавад.
Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад
Тамошои боғҳои фароғатӣ дар ин фасл кайфияти хоса дорад, зеро ҳаво салқину тар ва ниҳоят тоза мебошад.
Махсусан манзараҳои деҳҷойҳо дар вилоятҳои гуногуни Русия боз ҳам зеботар мешавад.
Шумораи зиёди одамон барои ҳаловат бурдан аз табиати нотакрор ба боғу хиёбонҳо мерезанд, то чунин манзараи зебо то тирамоҳи соли оянда дар хаёли онҳо нақш бандад.
Аммо имсол шояд гашту гузори одамон дар боғу хиёбонҳо ба далели авҷи коронавирус кам ба назар расад. Зеро шаҳрдори Русия Сергей Собянин аз рӯзи 28 - уми сентябр як қатор маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз коронавирус ҷорӣ намуд.
Аз ҷумла, гашу гузори нафақахӯрон ва одамони дорои касалиҳои музминро маҳдуд кард.