Даргузашти академики шинохта Мӯсо Диноршоев

Обуна шудан
Мусо Диноршоев, олими шинохта, академики Академияи илмхои Миллии Тоҷикистон дар синни 86 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар ин бора, як аз наздикони Академик ба Sputnik Тоҷикисто гуфт: “Қалби устод чанд лаҳза пеш дар Душанбе аз тапидан боз монд”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

Ба иттилои манбаъ, ҷанозаи олим имрӯз пас аз намози пешин доир мегардад.

"Намози ҷаноза пас аз намози пешин доир шуда, ҷасади марҳум дар қабристони Лучоб ба хок супорида мешавад".

Мӯсо Диноршоев олим ва файласуфи шинохта 7 ноябри соли 1934 дар деҳаи деҳаи Арзинги ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба дунё омада, дорандаи унвонҳои доктори фалсафа (1987), профессор (1991), академики АИ Ҷумҳурии Тотористон (1994), барандаи  Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино дар илм ва технология (2011) мебошад.

Марҳум соли 1959 - факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, худи ҳамон сол ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон корро оғоз карда тайи солҳои 1962-1965 - муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбефаъолият кардааст.

Аз соли 1962 то 1986 - корманди хурд, мудири сектори таърихи фалсафаи Шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон буда тайи ду сол сарредактори Энсиклопедияи Советии Тоҷикиз будааст.

Диноршоев аз соли 1988 то 1990 - мудири шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 1991 то 2007 - Директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Даргузашти олими физикдон Абуқаҳҳор Буриев аз бемории “илтиҳоби шуш”

Номбурда ду давра ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон шуда , аз ноябри соли 2012 - мушовири Раёсати Академияи илмҳо будааст.

Мӯсо Диноршоев муаллифи зиёда аз сад мақолаву асари илмӣ буда, тадқиқоташ асосан ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷикон равона шудааст.

Лентаи хабарҳо
0