Боздошти муовини раиси ҷамоати Ҳисор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ: 15 000 сомонӣ талаб кард

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ҳини гирифтани 7 000 сомонӣ аз 15 000 маблағи дархостияш ба даст афтод

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ожонси зидди фасод аз боздошт шудани як мақомдори шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод раҳбари як ҷамоатро дар Восеъ барои заминфурӯшӣ боздошт кард

Ба иттилои котиботи ожонсии мазкур, кормандони ин ниҳод муовини раиси ҷамоаити деҳоти Ҳисорро дастгир намуданд, ки дар ғайриқонунӣ фурӯхтани замини наздиҳавлигӣ муттаҳам дониста мешавад.

Манбаъ меафзояд, Зокиров Зокирҷон Асатуллоевич, ки дар вазифаи муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор кор мекард, моҳи майи соли ҷорӣ аз шаҳрванд "А" барои ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағ талаб намуд.

Боздошти раиси як ҷамоати ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми заминфурӯшӣ

Номбурда барои замини наздиҳавлигӣ, 15000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ,  8000 сомониашро пешакӣ гирифта буд. Сипас аз нафари корафтода, боқимонда 7 000 сомонии дигарро низ талаб кард.

Ожонси зидди фасод мегӯяд, Зокиров аснои гирифтани 7 000 сомонии боқимонда аз шаҳрванд "А"  ба даст афтод.

Зикр мегардад, ки айни замон нисбати Зокиров бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0