ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Абдулвоҳид Карим, ки муддати 5 - сола ба ҳайси раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом ифои вазифа мекард, дар синни 42 - солагӣ олами фониро падруд гуфт, хабар медиҳад котиботи раиси шаҳри мазкур.
Сомонаи Pressa. tj менависад, марҳум мубталои коронавирус буд ва иллати марги ӯ маҳз ҳамин беморӣ мебошад.
Ҷалилӣ Абдулвоҳид мутаваллиди соли 1978 буда, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буд.
Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид
Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2002 оғоз намуда, нахуст дар вазифаи котиби маҷлиси судӣ кор мекард. Сипас ба вазифаҳои иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом, раиси ҷамоат, сармутахассиси гузаргоҳи "Патар" кору фаъолият мекард.
Як замон мудири шъъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси шаҳр низ таъин шуда буд. Аз соли 2015 ба ин сӯ, вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодомро иҷро мекард.