Тоҷикистон тавони истеҳсоли автобусҳои “Акиа” бидуни муҳаррикҳои олмонӣ надорад

Обуна шудан
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон тасмим дорад 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш барорад

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Ба нақл аз АМИТ “Ховар” ширкати “Мерседес Бенс” эълон кардааст, ки  баъд аз ба эътидол даромдани вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон  ва пурра боз шудани марзҳо ба ширкати “Акиа” муҳаррики автобусҳои 8-метра равона хоҳад кард.

В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати автобусҳои АКИА дар хатсайри №4 ва манъи микроавтобусҳо

Гуфта шудааст, ки баъди равон кардани муҳаррикҳо корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш мебарорад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст, ки  муҳаррики автобусҳо аз тарафи ширкати германии “Мерседес Бенс” аввал ба ширкати “Акиа”-и Туркия таҳвил дода шуда, сипас ба ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” равона хоҳад шуд.

Гуфта шудааст, ки корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 300 автобус ва соли 2019 148 автобусро ба маблағи 141,7 млн. сомонӣ  ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст. Дар айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

Автобусы в Душанбе, украшенные в преддверии праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбарии рақами 33 ба роҳ монда мешавад

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар 8 моҳи соли равон корхонаи ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор, ба маблағи 9,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда,    4 трактор ва 6  ядак ба Ӯзбекистон содирот намуд. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 трактор ва мошинолоти кишоварзӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0