Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро низ вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ бетараф нагузошт. Ҳукумати кишвар дар робита ба даргириҳои шадиди миёни Озарбойҷону Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳороти расмӣ нашр намуд.

Дар изҳороте, ки торномаи ВУХ нашр намудааст, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд.

"Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Зимнан, Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуданд - акс

Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи якшанбе, вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳалҳои аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғ тирандозӣ кардаанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд. Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Лентаи хабарҳо
0