Дуздии пулу телефон бо таҳдид аз тапончаи кӯдакона: милитсия ду ҷавонро боздошт кард

© PixabayПистолет
Пистолет - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳр Душанбе ду ҷавон бо истифода аз тапончаи кӯдакона се ҷавони 17-соларо лату куб карда 50 сомонӣ ва як адад телефони “Самсунг” – ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки кормандони милитсия ду ҷавони 17 ва 19-солаи сокинони ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанберо, ки дар содир намудани ин ҷинояти ғоратгарӣ айбдор дониста мешаванд, боздошт намудааст.

Вор. Грабитель - Sputnik Тоҷикистон
Агентии омор: дуздиву ғоратгарӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Бино бар иттилои манбаъ, ин ду ҷавон санаи 25-уми сентябри соли равон, дар назди бинои вокзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо се ҷавони 17-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён дарафтода, номбурдагонро зери лату кӯб қарор додаанд.

Гуфта шудааст, ки пас аз лату кӯби ҷавонони 17 сола ин ду ҷавони боздоштшуда бо истифодаи таҳдиди таппончаи бозичавии кӯдакона аз онҳо 50-сомонӣ пули нақд ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5”-ро, ки арзишаш 1600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтах аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0