ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия 8135 ҳолати ҷадиди мубталошавии сокинон ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оиди коронавирус.
Бар хабари манбаъ, ҳудуди 27 дарсад аз шумораи умумии мубталоёни нави ин маризӣ, бидуни ягон аломат дардманди вирус шуданд.
Рӯзи гузашта, дар қаламрави ин кишвар 2 702 бемор комилан шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд, вале 61 маризи дигар имкони сиҳат шуданро пайдо накарданд ва даргузаштанд.
Зимнан, як рӯз қабл дар Русия шумораи гирифторони ҷадид ба 7 867 нафар баробар буд.
Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 45 нафар шифо ёфтанду 41 тани дигар бемор шуданд
Ҷамъан бошад, дар Русия аллакай 1 159 573 нафар мубталои коронавирус шуданд. Аз ин миён, 20,3 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 945 ҳазор шифо ёфтанд.
Дар ҷаҳон шумораи дардмандони коронавирус ба беш аз 33 миллион нафар расидааст. Ҳамчунин 995 ҳазор мавриди фавт ба қайд гирифта шудаааст.
Ба сафи кишварҳое, ки аз ин маризӣ талафоти ҷонии бештар доранд, Амрико, Ҳиндустон ва Бразилия шомил гардиданд.