ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар вилояти Харкови Украина ҳавопаймоии низомии Ан-26 бо 28 нафар мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости.
⚡ 20 человек погибли при крушении самолета под Харьковом, двое пострадали, сообщили в полиции. На борту находились 28 человек, из них 7 членов экипажаhttps://t.co/qbbHzC9cAt pic.twitter.com/9mEXlKluzA
— РИА Новости (@rianru) September 25, 2020
Муовини вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко дар саҳифааш дар Facebook ҳалокати 22 танро тасдиқ кард.
"Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд. Ду нафар аз наҷотёфтаҳоро бо аҳволи вазнин ба бемористон (яке дар ҳолати бад қарор дорад) интиқол доданд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҳастанд", — навиштааст ӯ.
Тақдири чаҳор тани дигар то ҳол номаълум аст.