ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик рӯзи 25 сентябр суруду навори ҷадиде дар шабакаи Youtube нашр кард.
Ин бор сароянда суруди овозхони машҳур Муқаддас Набиева-"Тарки ёрӣ" - ро бозхонӣ кард.
Навор рӯзи 25 сентябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 17 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 800 корбар писандидааст.
Бештари корбарони аз ҳунари Нигина тавсиф карда ӯро "нигини саҳнаи тоҷик" унвон кардаанд."Ман фахр мекунам ки дар Тоҷикисон ҳаминхел бонуи зебо бонуи ҳаматарафа аст. Дар ҳақиқкат Нигина нигини саҳнаи тоҷик аст", - навиштааст Бахтовар Боқиев.
"Legends live forever": тарҳи нави Нигина ва бозхонии таронаи машҳури Зафар Нозим
Файзинисо Зокирова ҳам аз бозхонӣ шудани суруди "Тарки ёрӣ" изҳори хушҳолӣ карда иҳзор доштааст, ки "солҳо интизор будам ки хамин суруди Муккадасро кӣ мехонда бошад".
Таронаи "Тарки ёрӣ" - ро ҳунарманд дар доираи тарҳи наваш "Legends live forever" бозхонӣ кардааст.
Ӯ дар доираи ин тарҳ қаблан таронаи ҳиндии "Yeh Mera Prem Patra Padhkar", суруди шодравон Зафар Нозим "Рафтам ба ҷустуҷӯят", "Зорӣ зорӣ кардам" - ро бозхонӣ карда буд.
Муқаддас Набиева аз сарояндагони саршиноси тоҷик ба шумор меравад. Ӯ дар саҳнаи эстрадаи тоҷик бо сурудҳое чун "Ҷони ман", "Тарки ёрӣ", "Боди сабо", "Ситораи ман" ва ғайраҳо машҳур аст.
Муқаддас Набиева дар овони ҷавонӣ дар синни 29-солагӣ дар авҷи шӯҳрат, дар паи садамаи нақлиётӣ соли 1979 ҷон бохт.