ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Козим Ҷалилӣ, сафири Эрон дар Русия имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар бинои "МИА Россия сегодня" дар шаҳри Маскав таъкид кард, ки Эрон бо бархе аз кишварҳои минтақа на танҳо таърихи муштарак балки чандин барномаҳои иқтисодӣ низ дорад.
Вай афзуд, мусалам аст, ки Русия бузургтарин шарики Эрон аст ва Теҳрон бо ин кишвар дар бахшҳои гуногун ҳамкории зич дорад.
Оқои Козим Ҷалилӣ зикр кард, ки кишвараш бо Русия дар самтҳои низомӣ, амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкории бениҳоят зичро ба роҳ мондааст.
Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин дар бораи равобити Тоҷикистону Эрон сухан кард.
Вай гуфт, Тоҷикистон кишвари бародари мост ва Эрон ҳамеша мехоҳад, ки бо ин кишвар равобити бисёр хубе дошта бошад.
“Мо бо Тоҷикистон чандин барномаҳои муштарак дорем. Мо бояд барномаҳои худро дар ин кишвар ба анҷом расонем. Ҳамингуна равобитро мо мехоҳем бо дигар кишварҳои минтақа низ дошта бошем. Равобити хуб бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя дар мадди аввали ҳукумати Эрон аст”, - гуфт ҷаноби сафир Қозим Ҷалилӣ.
Дар ҳамин ҳол сафири Эрон дар Русия таъкид дошт, ки бархе аз кишварҳои ҳамсоя ба ҷои равобит хуб бо кишвари дӯсти минтақавӣ ҳамкорӣ бо кишвари ғайри минтақавӣ аз ҷумла бо Амрикоро интихоб мекунанд.
“Ин кишварҳо мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки бо Эрон чандон равобити хуб надоранд ва имкониятҳои пешомада бо Амрико наздик шаванду аз имкониятҳои вай истифода намоянд”, - қайд кард сафири Эрон дар Русия.
Қозим Ҷалилӣ, илова кард, ки Эрон кушиш хоҳад кард дар оянда низ бо тамоми кишварҳои минтақа равобити хуб дошта бошад.