ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бунёди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва ширкати дорусозии Лаксисам ба мувофиқа расиданд, ки ба Узбакистон то 35 миллион воя (доза) ваксинаи коронавирусии “Sputnik V”-ро интиқол хоҳанд дод.
“Пас аз гирифтани тасдиқи мақомоти танзимкунандаи Ӯзбекистон, дар соли 2020 метавонад ба ҷумҳурӣ то 10 миллион воя (доза) ва дар соли 2021 то 25 миллион доза ваксина ворид кунад”,-омадааст дар иттилоия.
Аз Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтаанд, ки ваксина дар платформаи хубу омӯхташуда, бо бехатарӣ ва самаранокии исботшуда сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия ба таҳияи ваксинаҳо алайҳи коронавирус моҳи январи соли равон оғоз карда буд.
Аввалин ваксинаи коронавирус дар Русия истеҳсолшуда, моҳи август ба қайд гирифта шуд. Ваксинаи мазкур аз ҷониби Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия шуда, дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузории мустақими Русия истеҳсол карда мешавад.
Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, коршиносон ваксинаро бехатар унвон карданд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ ба Русия барои доруи таҳиякардааш ташаккур гуфт.
Ҳоло Вазорати тандурустии Руссия талош дорад ваксинаи дуюмро бар зидди COVID-19 ба қайд гирад.